Октябр 02, 2016 10:17 Asia/Dushanbe
  • Мушкилоти низоми омӯзишӣ дар Тоҷикистон

Бо вуҷуди талошҳои анҷом шуда, тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон барои ислоҳот дар низоми омӯзишии ин кишвар ва расидан ба сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ, ҳанӯз ҳам ин раванд натоиҷи матлубе дар пай надоштааст.

Ба гузориш сойти "Cabar.Asia", Созмони Милали Муттаҳид эълом кардааст, ки беш аз 99 дарсад аз мардуми Тоҷикистон дорои саводи хондан ва навиштан мебошанд, вале кайфияти низоми омӯзишии ин кишвар ҳанӯз ҳам аз стандартҳои ҷаҳонӣ фосилаи зиёде дорад.

Зеро низоми омӯзишии Тоҷикистон бо мушкили камбуди муаллим, поин бурдани ҳуқуқи ин афрод, мизони болои ришвахорӣ ва набуди китобҳои дарсии ба рӯзшуда, мувоҷеҳ мебошад. Чунончи дар соли 2015 дар мадориси давлатии Тоҷикистон камбуди 4 ҳазор муаллим гузориш шудааст, ки далели ин нобасомонии ҳуқуқи поини ин афрод мебошад. Бар асоси ин гузориш, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳуқуқи муаллими мадориси давлатӣ байни 100 то 120 доллар мебошад, ки барои зиндагӣ онон кифоят намекунад. Дар натиҷа тайи солҳои 2014-2015, Вазорати омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон ба 3 ҳазору 826 донишомӯхтаи донишгоҳҳои ин кишвар муҷавизи фаъолият дар мадориси давлатӣ, ба унвони муаллимро эъто кард, ки танҳо 2 ҳазору 887 тан аз ин афрод ба маҳалли кори хеш ҳозир шуданд.

Мақомоти ин вазоратхона мегӯянд, ки имсол мизони таҷҳизи мадориси давлатӣ бо компютерҳо ба 116 дарсад расидааст. Аммо тайи шаш моҳи дуюми сол, аз октябр то март ба далели камбуди барқ дар Тоҷикистон истифода аз ин таҷҳизот ғайримумкин мебошад.