Март 18, 2020 17:13 Asia/Dushanbe
  • Табрики наврӯзии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳасани Рӯҳонӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон Наврӯзро ба Рӯҳонӣ табрик гуфт.

Ба гузориши ИРНА, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёме ба ҳуҷҷатулислом валмуслимин Рӯҳонӣ, зимни табрики иди Наврӯз ба унвони мероси муштараки фарҳангӣ навишт: “Итминон дорам, ки мо дар оянда низ ҷиҳати густариши пайвастаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои ҷанбаҳои мухталиф байни кишварҳоямон ба таври муштарак саъй ва талош хоҳем кард”.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон зимни табрики соли нав навишт: “Бо камоли хушнудӣ ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишваратон беҳтарин орзуҳо ва самимонатарин табрикоти хешро ба муносибати фаро расидани иди байналмилалии Наврӯз иброз менамоям”.

Дар идомаи ин нома омадааст: Иди Наврӯз ба унвони мероси муштараки фарҳангӣ ва таърихи куҳани сокинони ҳавзаи он, равобити дӯстӣ ва эҳтиром, эътимоди ҳамбстагӣ ва ҳамкорӣ байни онҳоро таҳким бахшида ва дар ростои ба ҳам наздик шудани мардумони ҳамтабори мо хидмат мекунад.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номаи худ таъкид кард: “Итминон дорам, ки мо дар оянда низ ҷиҳати густариши пайвастаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои ҷанбаҳои мухталиф байни кишварҳоямон ба таври муштарак саъй ва талош хоҳем кард”.

Эмомалӣ Раҳмон зимни орзуи пешрафт ва шукуфоии Эрон навишт: Дар ин айёми фархундаи ҷашни Наврӯз, барои ҷаноби олӣ сиҳати комил, саодат ва муваффақият дар фаъолияти корӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеши Эрони дӯстро орзумандам.