Март 18, 2020 21:33 Asia/Dushanbe
  • Мусобиқоти лиги бартари футболи Тоҷикистон

Мусобиқоти футболи ҷоми пешфасл дар Тоҷикистон идома дорад.

Ба гузориши сомонаи лиги бартари футболи Тоҷикистон, дар гурӯҳи алиф тими Куктош дар шурӯи мусобиқот хуб зоҳир шуд ва тавонист дар бозии аввали худ бо натиҷаи 1 бар сифр аз садди тими қудратманди Душанбе -83 убур кунад ва дар бозии дигар тими Регар Тадазро ҳам бо натиҷаи 3: 2 шикаст диҳад. Дар дигар бозиҳо низ тими Хатлон Регар тадазро 2 бар 1 мағлуб кард.

Аммо дар марҳалаи дувум, тимҳои Аслиддин Ҳабибуллоев дар масоф бо тими Душанбе - 83 (0: 1) натиҷаро вогузор карданд.

Дар гурӯҳи б ҳам як мусобиқа баргузор шуд ва дар аввалин бозии тими Файзканди Восеъ бо натиҷаи 9: 3 дар баробари тими Истиқлоли Душанбе шикаст хӯрд.  

Ҳамчунин дар ин гурӯҳ тими футболи Ноҷиёни Хуҷанд дар даври аввал дар баробари ССКА бо натиҷаи 0:6 бохт ва дар рӯзи дувум дар муқобили Локомотив-Помир (0: 1) бозиро вогузор кард.

Тибқи муқаррароти ҷоми ҳазфии футболи Тоҷикистон, ду тим аз гурӯҳи а ва ду тим аз гурӯҳҳои бе ва с ба марҳалаи ниманиҳоӣ роҳ пайдо мекунанд.