Март 18, 2020 22:42 Asia/Dushanbe
  • Дархости Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз атбои кишвар барои сафар накардан ба Русия

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар мехоҳад, ки аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд.

Ба гузориши “Авеста”, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон тавсия мекунад, ки шаҳрвандони ин кишвар аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд.

Вазорати умури хориҷа иттилоъ медиҳад, ки ба далели ҳамагирии бемории круно, Русия аз 18 марти 2020 тасмим гирифт маҳдудияти муваққати вуруди атбои хориҷиро ба Русия маҳдуд кунад.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон тавсия мекунад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд.

Лозим ба зикр аст, маҳдудияти вуруд ба ин кишвар барои ронандагони комюн, хадамаи ҳавопаймо ва қатор ва ҳамчунин барои афроде, ки аз тариқи марзҳои ҳавоӣ убур мекунанд ва ё ба далели марги хешовандони худ ба Русия сафар мекунанд, сидқ намекунад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия ҳастанд дар сурати лузум метавонанд бо шумораи телефони +7 (495) 690-41-86 намояндагии дипломатӣ ва дафотири консулии Тоҷикистон тамос бигиранд.