Даъвати нахуствазири собиқи Малайзия барои ширкат дар конфронси оби Тоҷикистон
Март 18, 2020 23:06 Asia/Dushanbe
Сафири Тоҷикистон нахуствазири собиқи Малайзияро ба конфронси об дар Душанбе даъват кард.
Ба гузориши “Авесто”, Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон дар Малайзия, дар Куала-Лумпур бо нахуствазири пешин Маҳатир Муҳаммад дидор кард.
Дар ин ҷаласа тарафайн дар мавриди тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Малайзия дар бахшҳои гардишгарӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ гуфтугӯ карданд.
Дар поёни ин нишаст сафири Тоҷикистон даъватномае ба Маҳатир Муҳаммад барои ширкат дар дувумин конфронси даҳаи байналмилалии иқдоми "Об барои тавсеаи пойдор 2018-2028" таҳвил дод.
Ин ҳамоиш 18 июн дар Душанбе баргузор мешавад.