Ироаи бурсҳои таҳсилӣ дар Тоҷикистон бо ҳимояти давлати Ҷопон
(last modified Wed, 18 Mar 2020 18:28:08 GMT )
Март 18, 2020 23:28 Asia/Dushanbe
  • Ироаи бурсҳои таҳсилӣ дар Тоҷикистон бо ҳимояти давлати Ҷопон

Теъдоде аз дорандагони бурси таҳсилӣ дар Ҷопон бо итмоми таҳсилот, ба Тоҷикистон баргаштанд.

 Ба гузориши “Азия плюс”, ҳафт нафар аз дорандагони бурси таҳсилӣ, ки аз кормандони дафтари иҷроии раисҷумҳур, вазоратхонаҳои дороӣ, тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорат, энержӣ ва манобеи об, ожонсҳои бозофаринӣ ва обёрии заминҳо, хадамоти гумрук ва Бонки миллии Тоҷикистон ҳастанд, бо итмоми таҳсилоти худ дар мақтаи коршиносии аршад ба Тоҷикистон баргаштанд.

Онҳо дар соли 2017 бурси таҳсилӣ дар мақтаи коршиносии аршади донишгоҳҳои ҷопониро дарёфт ва дар риштаҳои муртабит ва мавриди ниёзи Тоҷикистон таҳсил карданд.

Давлвтов, мудири ожонси хадамоти молики зери назари ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, ки ин теъдод фориғуттаҳсил битавонанд дар оянда ба унвони мутахассисони бисёр моҳир барои тавсеаи Тоҷикистон муассир бошанд.

Нокогоки, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ҳам гуфт, орзу мекунад, ки ин мутахассисон дар пешрафти кишварашон саҳим бошанд.

Аз 45 нафар муҳассил дар Ҷопон дар ҳоли ҳозир 13 нафар аз онҳо дар донишгоҳҳо дар Ҷопон машғул ба таҳсил ҳастанд ва 33 нафар низ бо мадраки коршиносии аршад ба Тоҷикистон бозгаштанд ва дар тавсеаи Тоҷикистон саҳм доранд.