Ҳимояти Бонки рушд ва бозсозии Аврупо аз низоми бонкии Тоҷикистон
Бонки рушд ва бозсозии Аврупо эълом кардааст, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳимоят аз низоми бонкии ин кишвар дар шароити идомаи буҳрони молии феълӣ, кӯмак хоҳад кард.
Ба гузориши сойти Бонки рушд ва бозсозии Аврупо, ин ниҳоди молии аврупоӣ таъкид кардааст, ки барои ҳимоят аз низоми бонкии Тоҷикистон дар шароити идомаи буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар, тарҳи ироаи кумаки молии 100 миллион доллариро дардасти баррасӣ дорад.
Бино ба гуфтаи хонум Наталя Хонженкова –мудири дафтари намояндагии Бонки рушд ва бозсозии Аврупо, дар умури Туркия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар додани қарз ба Тоҷикистон, бастагӣ ба барномаи муштараки Бонки ҷаҳонӣ ва Сандӯқи байналмиллии пул барои анҷоми ислоҳоти сохторӣ дар низоми бонкии ин кишвар хоҳад дошт. Бар асоси барномаи муштараки ин се ниҳоди молӣ, ироаи кӯмаки Бонки рушд ва бозсози Аврупо ба Тоҷикистон бо ҳамоҳангии бо Бонки миллии ин кишвар имконпазир мебошад, ки ислоҳоти мудириятӣ ва сохторӣ дар низоми бонкии ин ҷумҳуриро шомил мешавад. Зеро низоми бонкии Тоҷикистон, ки дар шароити буҳронӣ басар мебарад, ниёз ба ислоҳоти сохтории бунёдӣ дорад.
Бонки рушд ва бозсозии Аврупо яке аз ниҳодҳои умдаи кӯмаккунанда ба иқтисоди Тоҷикистон мебошад, ки мутааҳҳид ба ироаи кӯмаки молии 606 миллион евро, барои таҳаққуқи беш аз 100 тарҳ дар ин кишвар шудааст.