Хӯҷанд мизбони намоишгоҳи колоҳои зарурӣ
Март 20, 2020 20:05 Asia/Dushanbe
Намоишгоҳи фурӯши колои зарурӣ дар Хӯҷанд оғоз ба кор кард.
Ба нақл аз Азия Плюс, барои дуввумин рӯз, дар наздикии толори театри Камоли Хӯҷандӣ дар шаҳри Хӯҷанд намоишгоше барои фурӯши колоҳои асосӣ доир шуудааст.
Дар ин намоишгоҳ орд, биринҷ, равған, гӯшт, картошка ва сабзиро бо нархи арзонтар аз мағозаҳои шаҳр мефурӯшанд.
Дар ин намоишгоҳ як халта орди 50-килоӣ 185 сомонӣ , 1 кило гӯшти гов 38 сомонӣ, 1 кило биринҷ 8 сомонӣ, 1 кило картошка 3, 5 сомонӣ фурӯхта мешавад.