Музокираи мақомоти Тоҷикистон барои бозгардондани раҳбари Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ
Март 20, 2020 20:42 Asia/Dushanbe
Тоҷикистон барои истирдоди раҳбари Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ дар ҳоли музокира бо Иттиҳодияи Аврупо аст.
Ба нақл аз Азия Плюс, Тоҷикистон дар ҳоли музокира бо кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди боздошт ва истирдоди Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ аст.
Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон инро дар ҷаласаи Маҷлиси Олии ин кишвар гуфт.
Кабирӣ билофосила пас аз интихоботи парлумонии марти 2015 аз Тоҷикистон хориҷ шуд ва дар мавриди маҳалли дақиқи зиндагии вай чизе мушаххас нест.
Кабирӣ раҳбари Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки муттаҳам ба шӯриши мусаллаҳона дар 4 сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон шудааст.