Муҷоз шудани иқомаи намози ҷамоат аз 20 март дар масҷидҳои Тоҷикистон
Март 20, 2020 17:35 Asia/Dushanbe
Иқомаи намози ҷамоат аз 20 март дар масҷидҳои Тоҷикистон муҷоз аст.
Ба нақл аз AKI Press, Афшин Муқим сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон дар саҳифаи Facebook-и худ гуфт: Аз 20 март сокинони Тоҷикистон метавонанд дар масҷидҳои Тоҷикистон намози ҷамоат иқома кунанд.
Вай гуфт: Пас аз зиддиуфунии масҷидҳо, намозҳои ҷамоат дар кулли масоҷиди Тоҷикистон оғоз мешавад.
Вай афзуд: Аз сокинон мехоҳем, ки дар ҳангоми иқомаи намози ҷамоат беҳдоштро риоят кунанд, то аз ибтило ба бемориҳои уфунӣ, бавижа коронавирус ҷилавгирӣ шавад.