Дархости сафири Тоҷикистон дар Русия барои муҷозот накардани муҳоҷирони тоҷик
Март 20, 2020 21:36 Asia/Dushanbe
Сафири Тоҷикистон дар Русия аз мақомот хостааст, ки муҳоҷирони кори тоҷикро барои тарк накардани бамавқеи Русия муҷозот накунанд.
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия дар робита бо коҳиши парвозҳои ҳавоӣ ва таълиқи ҳаракати қаторҳо гуфт: Хурӯҷи ҳамаи коргарон ва донишҷӯёни Тоҷикистон аз Русия ғайримумкин аст.
Сатторов гуфт: Ғайримумкин аст, ки ҳамаи коргарони тоҷик битавонанд дар мавъиди муқаррар Русияро тарк кунанд.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин хотирнишон кард: То замоне, ки афроди ҷадиде аз муҳоҷирон натавонанд вориди Русия шаванд, касоне, ки дар он ҷо ҳузур доранд, метавонанд корҳои худро анҷом диҳанд. Ҳамчунин ӯ пешниҳод кард, ки шароити иқомат дар Русияро осонтар кунанд.
Барчасп