Март 21, 2020 15:15 Asia/Dushanbe
  • Кӯмакҳои башардӯстона ба арзиши 3 миллион доллар ба Тоҷикистон

Тоҷикистон дар ду моҳи оғози имсол ҳудуди 3 миллион доллар кӯмакҳои башардӯстона дарёфт кард.

Ба нақл аз Спутник, аз аввали соли 2020 Тоҷикистон аз 34 кишвар ҳудуди 2 миллиону 800 ҳазор доллар кӯмакҳои башардӯстона дарёфт кард.

Сервиси матбуотии хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, дору ва маҳсулоти ғизоӣ, орд ва равғани наботӣ аз умдатарин кӯмакҳои кишварҳо будааст. Чин бо 36 дарсад,  Русия бо 23 дарсад, бештарин кӯмакҳоро ба Тоҷикистон карданд.