Октябр 02, 2016 11:48 Asia/Dushanbe
  • Хабари боздошти Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода такзиб шуд

Наздикони Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода аз шахсиятҳои саршиноси мазҳабӣ ва сиёсии Тоҷикистон, хабари боздошти вайро такзиб карданд.

Ба гузориши сайт Top.tj, Ҳабибуллоҳ Рабиев аз наздикони Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода бо радди хабари мунташир шуда, дар сайтҳои мухолифони давлати Тоҷикистон дар бораи боздошти Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода гуфт, ӯ дар манзили маскуниаш дар ноҳияи Ваҳдат сукунат дорад.

Сойтҳои мухолифони сиёсии давлати Тоҷикистон, рӯзи аввали моҳи октябри соли ҷорӣ бо истинод ба манобеи худ дар дохил Тоҷикистон, аз боздошти Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода хабар дода ва муддаӣ шуда буданд, ки садои гуфтугӯ бо ин манбаъро дар ихтиёр доранд ва дар сурати лузум пахш хоҳанд кард. Аммо аъзои хонаводаи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар сафҳаи худ, дар шабакаи Фейсбук низ таъкид кардаанд, ки хабари боздошти вай сиҳат надорад.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаи 62-сола, аз намояндагони оилаи рӯҳонии машҳур Эшони Тӯраҷон, мадрасаи исломии Мири Араби шаҳри Бухоро ва Донишгоҳи исломии ба номи Имом Бухории шаҳри Тошкандро хатм карда, дар солҳои 1980-1982 дар бахши робитаҳои хориҷии Идораи динии мусулмонони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон (САДУМ) фаъолият кардааст.

Дар соли 1982 ӯ ба факултаи шариати Донишгоҳи давлатии Урдун дохил шуда, онро соли 1987 ба итмом расонд. Солҳои 1987-1988 ба тадриси илмҳои фиқҳ ва ҳадис дар Донишгоҳи исломии Тошканд ба номи Имом Бухорӣ машғул буд.

Тӯраҷонзода дар солҳои 1988-1993 масъулияти Идораи қозиёти мусулмонони Тоҷикистонро ба дӯш дошт. Ҳамзамон бо ин, феврали соли 1990 ба ҳайси намояндаи мардумӣ дар Шӯрои олии Тоҷикистон ва баъдан узви Раёсати Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд.

Ҳамчунин вай тайи солҳои 2005 то 2010 узви Маҷлиси миллии порлумони Тоҷикистон низ буд.