Март 22, 2020 17:16 Asia/Dushanbe
  • Шикоят аз шароити карантини тоҷиконе, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон баргаштаанд

Тоҷиконе, ки аз хориҷ баргаштанд, аз шароити карантин шикоят доранд.

Ба нақл аз яке аз сайтҳои Осиёи Миёна, 500 мусофир, ки субҳи рӯзи 1 март бо ду парвоз аз Маскав ва Дубай вориди Душанбе шуданд, дар урдугоҳи Харангон дар дараи Варзоб карантин шуданд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, мусофирон бо хурӯҷи автобус аз маҳалли хурӯҷи изтирории фурӯдгоҳ ва бо ҳамроҳии пулис  ва мошинҳои ҳамли бемор, ба минтақаи карантин мунтақил шуданд.

Чанд нафар аз афроде, ки ба карантин фиристода шудаанд ва бастагони онҳо, видеоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди шароити ғайрисанитарии маконҳои карантин мунташир карданд, ки метавонад мунҷар ба бемориҳои дигаре шавад.

Дар бархе аз филмҳо пизишкон в  мақомот мувофиқ ҳастанд, ки ин минтақа маҳалли муносибе барои карантин нест, вале замоне барои омода какрдани макони дигаре вуҷуд надорад.