Қаҳрамонии таэквондокорони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии Амрико
Март 22, 2020 21:13 Asia/Dushanbe
Таэквондокорони тоҷик қаҳрамони мусобиқоти байналмилалии Амрико шуданд.
Ба нақл аз Спутник, варзишкорони мадрасаи таэквондои Тоҷикистон, бо касби медалҳои мухталиф дар мусобиқоти байналмилалӣ, маҳорати болои варзишии худро дар мусобиқоти Флоридаи Амрико нишон доданд.
Ин мусобиқот бо ҳузури 200 варзишкор баргузор шуд.
Далер Тураев, Некруз Муртазоев, Фарҳод Муртазоев ва Масрур Сатторов аъзои тими миллии Тоҷикистон буданд.
Далер Тураев ва Некруз Муртазоев дар радаи синнии кӯдакон нишонҳои тилло ва бронза ба даст оварданд. Масрур Сатторов ҳам муваффақ ба касби нишони тилло дар спаринг шуд ва Далер Тураев дар таэквондо дар муқобили ҳарифи худ пирӯз шуд.