Карантини дуҳафтаии мусофирон дар Тоҷикистон
Март 24, 2020 10:45 Asia/Dushanbe
Тамоми афроде, ки аз кишварҳои дигар ба Тоҷикистон сафар мекунанд, ду ҳафта карантин мешаванд.
Ба нақл аз Спутник, кулли шаҳрвандоне, ки аз хориҷ аз кишвар ба Тоҷикистон меоянд, дар як карантини дуҳафтаӣ зери назари пизишкон қарор мегиранд.
107 нафар атбои тоҷик ва кишварҳои дигар дар ҳафтаҳои ахир вориди Тоҷикистон шуданд. Вазорати беҳдошт, дармон ва ҳимояти иҷтимоии Тоҷикистон тамоми талоши худро мекунад, то беҳтарин шароити карантинро омода кунад.
Вазорати беҳдошти Тоҷикистон аз ҳамаи сокинони ин кишвар мехоҳад, ки ба овозаҳо дар мавриди коронавирус таваҷҷӯҳ накунанд.