Пешбинии бориши шадиди борон дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 24 Mar 2020 10:52:43 GMT )
Март 24, 2020 15:52 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии бориши шадиди борон дар Тоҷикистон

Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон бориши шадиди боронро барои рӯзҳои оянда пешбинӣ кард.

Ба нақл аз Спутник, ҳамчунин ҳавошиносӣ барои рӯзҳои оянда ҳавои нопойдор ва хатари резиши баҳман дар манотиқи кӯҳистонӣ пешбинӣ кард.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон эълом кард, раъду барқ ва жола аз 24 то 26-уми март пешбинӣ мешавад. Ин кумита ба сокинон ҳушдор медиҳад, ки борандагии шадид дар манотиқи  кӯҳистонӣ ё теппаӣ боиси фарсоиши хок мешавад.

Ҳамчунин ин эҳтимол вуҷуд доррад, ки борон дар иртифооти кӯҳистонӣ, сабаби боло омадани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва туғён шавад.