Март 25, 2020 09:47 Asia/Dushanbe
  • Ороишоти рӯи либосҳои занони тоҷик, намоде аз оғози баҳор

Тарроҳи тоҷик гуфт, ороишоти дӯхташуда рӯи либосҳои занони тоҷик, оғози баҳор ва шукуфа кардани дарахтонро ёдоварӣ мекунад.

Ба нақл аз Спутник, Хуршед Сатторов- тарроҳи либон дар Тоҷикистон гуфт, тазъинот ва ороишоти ба коррафта ба рӯи либосҳои занони тоҷик, намоди оғози баҳор ва шукуфа кардани дарахтон аст. Ӯ афзуд, тарроҳони муд ҳар сол бо истифода аз рангҳои қирмиз, оренҷвӣ ва нофармон рушаноӣ ва зебоиҳои шарқиро намоиш медиҳанд. Ӯ гуфт, беҳтар аст ҳангоми тарроҳии либоси маҷлисӣ аз маводи табиӣ истифода кунед. Ин тарроҳи муди Тоҷикистон гуфт, агар барои тарроҳии либос мавди ғайритабиӣ истифода шавад хеле зуд либос сифати худро аз даст медиҳад, бинобарин тавсия мешавад аз порчаҳои нахӣ истифода шавад.