Март 25, 2020 09:58 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 11 дарсадии тиҷорати Тоҷикистон

Мизони тиҷорати Тоҷикистон 11 дарсад афзоиш ёфт.

Ба нақл аз Спутник, тибқи эъломи Ожонси омори Тоҷикистон, мизони тиҷорати кишвар дар январ ва феврали соли 2020 аз 514 миллион доллар бештар шудааст.

Ожонси омори Тоҷикистон эълом кард, ин мизон 54 миллиону 400 ҳазор доллар бештар аз муддати мушобеҳи соли 2019 аст. Колоҳое ба арзиши 176 миллион доллар дар бозорҳои маводи ғизоӣ, пӯшок ва бозорҳо фурухта шудааст, ки 41.1 дарсад аз кулли тиҷоратро ба худ ихтисос додааст. Саҳми маҳсӯлоти ғизоӣ дар мизони тиҷорат ва табодулоти иқтисодӣ 217 миллион доллар баробар бо 49 дарсад ва маҳсулоти саноатӣ 227 миллион доллар баробар бо 51 дарсад будааст.

Ҳамчунин дар ду моҳи аввали соли 2020, гушт ва ҳасиб (15 дарсад), шакар ва ширинӣ (9 дарсад), орду нон (12 дарсад), сабзавот (2 дарсад) ва равғани растанӣ (5 дарсад) бештарин фурушро дар бозорҳои Тоҷикистон доштанд.