Март 25, 2020 12:58 Asia/Dushanbe
  • Боздиди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ширкатҳои саноатӣ дар минтақаи иқтисодии Суғд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ширкатҳои саноатӣ дар минтақаи иқтисодии Суғд дар Хуҷанд боздид кард.

Ба нақл аз Спутник, Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи фароварии мева ва сабзавоти Хуҷанд, ки дар минтақаи саноатии шимоли шарқи минтақаи Суғд сохта шуда боздид кард. 

Ин ширкат аз технологиҳои модерни воридотӣ аз Русия, Чин, Украина ва Олмон истифода мекунад. 

Дар ин ширкат ҳар рӯз 10 то 12 тонна мева, гиёҳ ва сабзавот фароварӣ мешавад. 

Бештари маҳсӯлоти ин ширкат ба хориҷ аз кишвар содир мешавад. 

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин аз ширкати тавлидкунанда ва фароварии асал низ боздид кард, маҳсӯлоти ин ширкат ҳам ба Амрико, Канада, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Иттиҳодияи Аврупо содир мешавад.  

Ин ширкат зарфияти тавлиди 240 тонна асалро дар сол дорад. 

Раиси давлат сипас маркази пизишкии "Клиники Хуҷанд"-ро ифтитоҳ кард. 

Ин маркази чаҳортабақа муҷаҳҳаз ба дастгоҳҳои модерн барои ташхиси бемориҳои орология, системи асабӣ, гӯшу ҳалқу бинӣ, чашм, занон ва зоймон ва бахши дандонпизишкӣ аст.