Саргардонии 40 табааи Тоҷикистон дар Ҳинд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52057-Саргардонии_40_табааи_Тоҷикистон_дар_Ҳинд
40 шаҳрванди тоҷикистонӣ дар Деҳлии Нав пойтахти Ҳинд, ки дар пайи шуюи вируси Корона қасд доштанд ба кишварашон боз гарданд, дар пайи қатъи парвозҳо миёни ду кишвар саргардон шудаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 25, 2020 13:51 Asia/Dushanbe
  • Саргардонии 40 табааи Тоҷикистон дар Ҳинд

40 шаҳрванди тоҷикистонӣ дар Деҳлии Нав пойтахти Ҳинд, ки дар пайи шуюи вируси Корона қасд доштанд ба кишварашон боз гарданд, дар пайи қатъи парвозҳо миёни ду кишвар саргардон шудаанд.

Ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, ин афрод гуфтаанд, ки барои дармон ва ҳузур дар давраҳои омӯзишӣ аз Тоҷикистон ба Ҳин омадаанд ва акнун бо таваҷҷуҳ ба шуюи вируси Корона мехоҳанд ба кишвари худ боз гарданд.

Ин дар ҳоле аст, ки бо қатъи парвозҳо миёни Душанбе ва Деҳлии Нав имкони бозгашти ин афрод вуҷуд надорад ва ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ низ аз фуруши билет ба онон худдорӣ мекунанд.

Мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Деҳлии Нав мегуянд, ки бо ин афрод дар тамос ҳастанд то роҳе барои бозгардондани онон ба Душанбе биёбанд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистоон низ эълон кардаанд. ки дар ҳоли баррасии барқарории парвози вижае барои бозгардондани ин афрод аз Ҳинд ҳастан.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистн аз мақомоти Деҳлии Нав дархост кардааст, ки то он замон раводиди ҳузури ин тоҷикҳоро тамдид кунанд.

Ҳинд ба далели шуюи вируси Корона парвозҳои хориҷӣ ва судури раводид барои сафари атбои дигар кишварҳоро мутавақиф кардааст.