Март 26, 2020 13:26 Asia/Dushanbe
  • Дави марафони як тоҷик дар фазои 5 метрӣ

Яке аз шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар як фазои панҷметрӣ марафон давид.

Ба нақл аз Спутник, баъд аз шуюи бемории коронавирус бисёре аз ашхос маҷбур ба мондан дар хона ва тарки фаолиятҳои маъмули худ шуданд, аммо Абдулваҳҳоб Моминчониён маъруф ба Бобоҷон аз шаҳрвандони Тоҷикистон 22 март як марафони комилро дар як фазои панҷметрӣ иҷро кард.

Ин мард аз соли 2014 ба давидан шавқ дорад ва  аз сентябри соли гузашта дар Вена зиндагӣ мекунад ҷое ки ҳама дар карантин ҳастанд ва фақат мешавад дар сурати лузум хонаро тарк кард.  

Бобоҷон гуфт: Ин дуввумин ҳафта аз иҷрои карантин аст ҳамаи мо аз хона кор мекунем.  

Вай гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба баста шудани ҳамаи толорҳои бадансозӣ дар Австрия, мардум дар ҷазираи сунъӣ воқеъ дар Даноб варзиш мекарданд, ки бо шиддат гирифтани карантин ин минтақа ҳам баста шуд.  

Бобоҷон тасмим гирифт иқдоме мушобеҳи кори Алиша Начамайтеси фаронсавӣ, ки дар фазое ҳафтметрии хонаи худ марафон давидро иҷро кунад ва мехост собит кунад, ки карантини таҳмилшуда далеле барои дурӣ аз фаолиятҳои мавриди алоқаи ӯ нест.  

Вай аз дӯстон ва дигар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хост, ки нигарон набошанд.  

Бобӣ (ҳамонтавр, ки худашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ садо мекунад) давидани худро ба сурати зинда дар Фейсбук намоиш дод марафони 42 километрии ӯ ҳудуди 6 соат тул кашид.