Март 27, 2020 21:02 Asia/Dushanbe
  • Иҷроии тарҳи кишоварзии навин дар Тоҷикистон ба ҳиммати занон

Занони корофарин дар Тоҷикистн иҷроии як тарҳи калони кишоварзии навинро дар ин кишвар оғоз кардаанд.

Ба нақл аз Авесто, иин тарҳ бо ҳадафи пешгири аз вайронии мазории кишоварзӣ бар асари истифодаи нодуруст аз манобеи обӣ ва бо пуштибонии молли Созмони ғазо ва кишоварзии Созмони Миллал дар 4 шаҳристони Тоҷикистон оғоз шудааст.

Гуфта мешавад ин тарҳ дар кишварҳои дигари Осёи марказӣ низ дар ҳоли пайгири аст ва ҳазинаи куллии он 75  миллион доллар баровард шудааст.

Дар 50 соли гузашта, ҷамъияти Осёи марказӣ ба суръат дар ҳоли рӯшд буда ва ба 61. 4 миллион нафар расидааст, ки беш аз ними аз ин ҷамъият дар минтақаҳои рустои зиндагӣ мекунанд ва аз назари маишатӣ ба кишоварзӣ вобастагии шадид доранд.

Ин дар ҳоле аст, ки 97 дар сад аз заминҳои кишварзӣ дар Тоҷикистон дар маърази фарсоиш қарор дорад, аз ин рӯ мутасадиёни бахши кишоварзии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд бо кумаки молии созмонҳои байналмиллалӣ равишҳои судманди кишоварзиро иҷро кунанд.

Барчасп