Роҳандозии хатти телефони вижа (ҳотлайн) дар Тоҷикистон
Март 28, 2020 04:17 Asia/Dushanbe
Хатти телефони вижа (ҳотлайн) дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.
Ба нақл аз Спутник, ҳадаф аз роҳандозии ин хатти телефон посух ба саволоти шаҳрвандони тоҷик дар кӯтоҳтарин замон дар бораи бемории коронавирус будааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Ҳар шаҳрванд метавонад саволоти худро дар бораи чигунагии пешгирӣ ва нишонаҳои коронавирус бо истифода аз ин хатти телефон аз пизишкон савол кунад.
Вазорати тандурустӣ эълом кард: Шаҳрвандон бояд барои истифода аз ин хатти телефон 511-ро шуморагирӣ кунанд.
Ин телефон 24 соата фаол аст.
Хатти телефони ҳотлайн барномае аст, ки боис мешавад то ба маҳзи бардоштани гӯшии телефон, як шумора дар сареътарин замони мумкин шуморагирӣ шавад.