Бозиҳои футбол дар Тоҷикистон бидуни тамошогар баргузор мешавад
(last modified Sat, 28 Mar 2020 04:29:27 GMT )
Март 28, 2020 09:29 Asia/Dushanbe
  • Бозиҳои футбол дар Тоҷикистон бидуни тамошогар баргузор мешавад

Бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон тамоми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар байни тимҳои лиги бартар, ки аз 5 апрел оғоз мешавад ба таври муваққат бидуни тамошогар баргузор хоҳад шуд.

Тибқи иттилоияе, ки дар сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон нашр шудааст ҳамчунин мусобиқа барои Суперкопи ин кишвар, ки дар он тими Истиқлол, қаҳрамони феълӣ ва тими Хуҷанд дорандаи мақоми қаҳрамони Ҷоми ҳазфӣ дидор мекунанд, бидуни тамошогар баргузор мешавад.

Ин мусобиқа рӯзи 4 апрел баргузор хоҳад шуд.

Ин иқдомот барои ҳимоят аз саломати умумӣ дар назар гирифта шудааст.

Пеш аз ин Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон коҳиши барномаҳои густарда дар ин кишварро ба далели таҳдиди коронавирус тавсия карда буд.

Бадин тартиб Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ин тавсия ҳимоят кардааст.