Март 28, 2020 09:56 Asia/Dushanbe
  • Сафари муовини раиси ширкати байналмиллалии молӣ ба Тоҷикистон

Муовини раиси ширкати байналмиллалии молӣ дар сафар ба Тоҷикистон гуфт: Бояд барои ҳузури ҳамаи кишварҳо дар бозорҳои байналмиллалӣ шароити мусовӣ фароҳам шавад.

Ба нақл аз Азия-Плюс, Ҷорҷина Бейкер- муовини раиси ширкати байналмиллалии умури молӣ (IFC) дар Аврупо, Осиёи Миёна, Амрикои лотин ва ҳавзаи Караиб ба Тоҷикистон сафар кард.

Ӯ ҳадаф аз сафари худ ба Тоҷикистонро баррасии роҳкорҳои тақвият бахши хусусӣ дар ин кишвар эълом кард.

Ҷорҷина Бейкер ҳамчунин бо Эмомалӣ Раҳмон-раисиҷумҳури Тоҷикистон дидор дошт дар ин мулоқот масоили роҳбурдии кишвар ва роҳкорҳои ҷазби сармоягузори хориҷӣ баррасӣ шуд.

Муовини раиси ширкати байналмиллалии умури молӣ (IFC) дар Аврупо, Осиёи Миёна, Амрикои лотин ва ҳавзаи Караиб бо Ҷамшед Нурмуҳаммадзода- раиси Бонки миллии Тоҷикистон низ дидор кард дар ин дидор дар мавриди тавсеаи бахши молӣ ва ҳамчунин ислоҳоти бонкӣ баҳс ва табодули назар шуд.

Ӯ гуфт: Тоҷикистон дар дудаҳсолаи ахир пешрафти чашмгире доштааст ва мизони фақр аз 87 дарсади ҷамъият дар соли 1999 ба 20 дарсад аз ҷамъият дар соли 2015 коҳиш ёфта ва иқтисод ба таври миёна 8 дарсад дар сол рушд кардааст.

Яке аз аслитарин заминаҳои кори ширкати байналмиллалии умури молии IFC, беҳбуди дастрасии бахши хусусӣ ба манобеи молӣ дар кишварҳои дар ҳоли тавсеа аст. Ба гуфтаи коршиносон дар Тоҷикистон, дастрасӣ ба умури молӣ яке аз аслитарин мушкилоти тавсеаи тиҷорат аст.