Март 28, 2020 11:02 Asia/Dushanbe
  • Ройзании мақомоти ду ниҳоди молии байналмиллалӣ дар бораи қарзҳои Тоҷикистон

Мақомоти ду ниҳоди пулӣ дар бораи муҳлат додан ба Тоҷикистон барои пардохти қарзҳои байналмиллалӣ табодули назар карданд.

Ба нақл аз Спутник, ба гуфтаи масъулони Сандуқи байналмиллалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ, додани муҳлат барои бозпардохти қарзҳои ақибафтода ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ба онҳо кӯмак мекунад, то мушкилоти пулии бархоста аз ҳамагир шудани коронавирусро бартараф кунанд.

Сандуқи байналмиллалии пул (IMF) ва Бонки ҷаҳонӣ (WB) ба кишварҳои қарздор пешниҳод доданд, то агар мувофиқ ҳастанд метавонанд пардохти қистҳои қарзҳои хосро ба ҳолати таълиқ дароваранд.

76 кишвар ба вижа Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон, Афғонистон, Малдавӣ, Сурия, Яман, ки зери назари Сандуқи байналмиллалии пул  аст кӯмакҳои молӣ дарёфт карданд.

Ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмиллалии пул  аз ҳамаи қарздиҳандагони байналмиллалӣ хост, ки  пардохти қарзҳои кишварҳои зери назари Анҷумани байналмиллалии тавсеа (IDA)-ро, ки ниёз ба муҳлат доранд ба ҳолати таълиқ дароваранд.