Ифшои фасоди молии як мақоми тоҷик дар шимоли ин кишвар
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52131-Ифшои_фасоди_молии_як_мақоми_тоҷик_дар_шимоли_ин_кишвар
Раиси Иттиҳодияи истеъмолкунандагони об мавсум ба Ҳайдар-2017 дар минтақаи Спитамени Тоҷикистон воқеъ дар шимоли ин кишвар ба сӯистифода аз пули ихтисосдодашуда барои об муттаҳам шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 28, 2020 06:58 Asia/Dushanbe
  • Ифшои фасоди молии як мақоми тоҷик дар шимоли ин кишвар

Раиси Иттиҳодияи истеъмолкунандагони об мавсум ба Ҳайдар-2017 дар минтақаи Спитамени Тоҷикистон воқеъ дар шимоли ин кишвар ба сӯистифода аз пули ихтисосдодашуда барои об муттаҳам шуд.

Ба гуфтаи Маркази матбуотии Ожонси контроли молӣ ва мубориза бо фасоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайфуллоҳ Юсуфов ва ҳамдастонаш 854.6 ҳазор сомонӣ (88.2 ҳазор доллар) будҷети давлатиро ба сирқат бурдаанд.

Дар соли 2018-2019 Юсуфов аз бахши эҳёи замин ва обёрии шаҳристони ёдшуда тибқи тавофуқномаҳои мухталифе 48.5 миллион метри мукааб об ба арзиши беш аз 1.1 миллион сомонӣ дарёфт кард, аммо дар табонӣ бо масъулони ширкати нассоҷии Спитамен дар гузоришҳои ҳисобдорӣ маблағи воқеии Сандуқи ҷамъоварии манобеи масрафии обро сабт накардааст.

Бар асоси мустанадот алайҳи  Юсуфов ва ҳамдастонаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ин ашхос илова бар мусодираи амвол ва маҳрумият аз ҳаққи иштиғол дар мансабҳои давлатӣ бо ҳукми зиндон дар 5 то 12 сол рӯбарӯ хоҳад буд.

Фасоди молии мақомот яке аз падидаҳои ҳамвора мавриди интиқоди созмонҳои байналмиллалӣ дар бораи Тоҷикистон аст.