Баргузории ситоди муқобила бо Корона дар Тоҷикистон
Ситоди муқобила бо бемории Корона дар Тоҷикистон ташкили ҷаласа дод.
Ба нақл аз Осиё плюс, ҷаласаи Ситоди пешгири аз бемории Корона дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба раёсати Саида Умарзода муовини аввали вазири тандурустӣ баргузор шуд,ки дар он,ба вижа, дар мавриди иқдомҳои иҷрошуда барои пешгири аз шуюи вирус дар кишвар суҳбат шуд.
Дар ин ҷаласа ҳамчунин дар мавриди омодасозии зерсохтҳои беҳдоштӣ дар сурати шиносоии эҳтимолии афроди мубтало ба Корона, бистари ва муолиҷаи беморон, муарифии марказҳои эҳё, таомул бо беморон ва ҳамчунин боло бурдани сатҳи илмии пизишкон суҳбат шуд.
Токунун бар асоси иттилооти расмӣ ҳеҷ мавриде аз ибтило ба бемории Корона дар Тоҷикистон сабт нашудааст.
То 25 моҳи март 5038 нафар дар Тоҷикистон карантина шуданд.ки аз ин теъдод107 нафар хориҷӣ буданд.