Афв ва бозгашти яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон
(last modified Sun, 29 Mar 2020 02:51:21 GMT )
Март 29, 2020 07:51 Asia/Dushanbe
  • Афв ва бозгашти яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон

Узви гуруҳи мамнуъаи 24 далели афв ва бозгашти худ ба Тоҷикистонро тавзеҳ дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сафҳаи Собир Валиев дар Фейсбук, вай дар гуфтугӯйи мустақим дар ин шабака эълом кард, ки аз суи мақомоти додгоҳии Тоҷикистон афв шуда ва акнун дар Душанбе аст.

Валиев таъкид карда ки аз фаъолиятҳои сиёсӣ канорагирӣ мекунад ва ба кори тиҷорат машғул хоҳад шуд.

Вай муовини раиси гурӯҳи 24 буд, ки аз соли 2015 ба иттиҳоми узвият дар ин созмон дар Тоҷикистон таҳти таъқиби полиси байналмиллалӣ қарор дошт.

Валиев дар соли 2015 бар асоси дархости Додситонии кулли Тоҷикистон ба муддати 29 рӯз дар кишвари Молдова боздошт, аммо бо пайгириҳои Созмони дидбони ҳуқуқи башар озод шуд.

Ин мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои ахир дар Русия, Украина, Туркия ва Молдова зиндагӣ мекардааст.

Манобеи мустақили хабарӣ мегӯянд, ки бозгашти Собир Валиев ба Душанбе ва мавриди авф қарор гирифтани вай бо миёнҷигарии Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе имконпазир шудааст чаро ки замоне онон дар мактаби давлатии рақами 53 пойтахти Тоҷикистон ҳамсинф будаанд.