Коҳиши истихроҷи ангиштсанг дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52208-Коҳиши_истихроҷи_ангиштсанг_дар_Тоҷикистон
Истихроҷи ангиштсанг дар Тоҷикистон дар се моҳи имсол дар муқоиса бо давраи ҳаммонанди соли пеш коҳиш ёфтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 30, 2020 01:56 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши истихроҷи ангиштсанг дар Тоҷикистон

Истихроҷи ангиштсанг дар Тоҷикистон дар се моҳи имсол дар муқоиса бо давраи ҳаммонанди соли пеш коҳиш ёфтааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Авесто, ширкатҳои фаъол дар ин замина дар ин муддат 145 ҳазору 100 тон ангиштсанг истихроҷ карданд,ки дар муқоиса бо давраи ҳаммонанди соли пеш 11 ҳазор тон камтар аст.

 Ин дар ҳоле аст, ки аз конҳои Тоҷикистон дар соли 2019 ҳудуди 2 миллион тон ангиштсанг истихроҷ шуд, ки дар торихи ин кишвар беназир аст.

 Аз конҳои Тоҷикистон дар соли 1991 (соли истиқлоли кишвар аз Шӯравии собиқ) 313 ҳазор тон ангишт истихроҷ мешуд, ки акнун ин мизон ҳудуди ҳафт баробар шудааст

 Бар асоси эъломи вазорати саноат ва фановарииҳои навини Тоҷикистон дар ин кишвар 200 марказ ва корхона аз ангиштсанг ба унвони сӯзишворӣ истифода мекунанд.

 Дар ҳоли ҳозир аз конҳои Фон – Яғноб ва Шӯроб дар вилояти Суғд , Назарайлоқ дар минтақаи Рашт, Зиддӣ дар шимоли шаҳри Душанбе ва Сайёд дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат ангиштсанг истихроҷ мешавад.

 Захираҳои шиносоишуда дар 21 кони ангиштсанги Тоҷикистон ҳудуди 3 миллиард тон аст.