Март 30, 2020 08:19 Asia/Dushanbe
  • Бекоршавии барномаи овозхони ҷавони тоҷик дар Италия

Маросими операи овозхони ҷавони тоҷикистонӣ ба далели густариши бемории корона дар Италия бекор шуд.

 Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, ба нақл аз Азия Плюс , Шоҳрух Юнусов, овозхони тоҷикистонии опера дар ҳунаристони мусиқии Ҷузеппа Вердии Милан дар риштаи опера ва овоз таҳсил мекунад.

 Ин ҳунаристон яке аз мӯътабартарин марказҳои мусиқии ҷаҳон аст.

 Вай гуфта аст,аз замони кудакӣ эҳсосоти хоссе ба Италия доштааст, вале акнун дар Италия зиндагӣ роҳат нест.Дар ин кишвар ҳудуди 80 ҳазор нафар гирифтор ба корона ҳастанд.

 Ӯ афзуд: Италия дар қарантина аст ва мардум аз панҷараи хонаҳои худ бо хондани шеър ва навохтани мусиқӣ рӯҳияи ҳамдигарро тақвият мекунанд.

 Юнусов гуфта ,ки дар ин шароит тасмим гирифтааст,то монанди мардум аз панҷараи хонаи худ овоз бихонад.

Дар январи имсол Шоҳрух барои ҳузур дар як маросими опера интихоб шуд, ки ин аввалин ҳузури ӯ дар маросими операи байналмиллалӣ буд.

 Қарор буд дар ин опера ҳудуди 50 нафар ҳузур дошта бошанд, ки Шоҳрух кӯчактарин узви он буд, ки муттасифона шиюъи бемории корона дар Италия ин операро барҳам зад.

 Вай гуфта аст,ки Делфо Меникуччи аз маъруфтарин муаллимони опера ва овоз дар Италия тамоми ин муддат бо ӯ ҳамкорӣ кардааст ва қарор буд дар театри "Каркано", машҳуртарин театри Милан бо ҳузури 900 тамошочӣ ширкат кунад.

Юнусов афзудаст аз ин ки ин маросим лағв шуд нороҳат аст, вале итминон дод, ки замони бештаре барои омодагӣ барои иҷрои намоиш хоҳад дошт.