Баргузории мусобиқаи футбол дар Тоҷикистон бидуни ҳузури тамошогар
(last modified Tue, 31 Mar 2020 11:01:32 GMT )
Март 31, 2020 16:01 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқаи футбол дар Тоҷикистон бидуни ҳузури тамошогар

Бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи футболи ду тими Истиқлоли Тоҷикистон ва Хуҷанд бидуни ҳузури тамошогар баргузор мешавад.

Ба нақл аз Федератсияи футболи Тоҷикистон, пеш аз ин Вазорати беҳдошти Тоҷикистон коҳиши таҷаммӯот ва мусобиқотро дар ин кишвар ба далели ҷилавгирӣ аз шуюи коронавирус  тавсия карда буд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам бо таваҷҷуҳ ба таъкиди мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мусобиқаи ду тими Истиқлоли Душанбе ва Хуҷандро бидуни ҳузури тамошогар баргузор мекунанд.

Ин мусобиқа 4 апрел соати 17 дар варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.