Мулзам шудани ронандагони автобус дар Тоҷикистон ба истифода аз ниқобҳои тиббӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52240-Мулзам_шудани_ронандагони_автобус_дар_Тоҷикистон_ба_истифода_аз_ниқобҳои_тиббӣ
Ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе ниқоби тиббӣ пӯшиданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 31, 2020 17:11 Asia/Dushanbe
  • Мулзам шудани ронандагони автобус дар Тоҷикистон ба истифода аз ниқобҳои тиббӣ

Ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе ниқоби тиббӣ пӯшиданд.

Ба нақл аз Азия-Плюс, Ҷумъахон Давлатов- сарвари “Душанбенақлиётхадамотрасон” гуфт: Чунин тасмим бо мақсади пешгирӣ ва муқовимат ба паҳншавии коронавирус гирифта шудааст.

Ба гуфта вай , барои муҳофизат аз худ ва ҳифзи саломати мусофирон ва ҳамчунин худи ронандагон, ба онҳо тавсия шудааст, ки дар ҳайни кор аз ниқоби тиббӣ истифода кунанд.

Ронандагон дар вақти корӣ бо мусофирони зиёд суҳбат мекунанд. Мумкин дар байни онҳо шахсоне пайдо шаванд, ки бемории зуком ё дигар намуди беморӣ дошта бошанд”, - иброз дошт Давлатов.

Инчунин сарвари “Душанбенақлиётхадамотрасон” гуфт: “Ҳар субҳ пеш аз оғози кор тамоми нақлиёти ҷамъиятии пойтахт бо маҳлули хлор тоза карда мешавад”.