Ирсоли парвандаи рӯзноманигори тоҷик ба Додситонии кулли Тоҷикистон
Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ айбномаи рӯзноманигор Далер Шарифовро ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон фиристодааст.
Вакилони Далер Шарифов бо таъиди ин мавзӯъ гуфтанд, ки парвандаи вай пас аз баррасӣ дар Додситонии кулли Тоҷикистон барои муҳокима ба додгоҳ ирсол шуд.
Дафтари матбуотии кулли Тоҷикистон пеш аз ин эълом карда буд, ки Далер Шарифови 32 сола давоми солҳои 2013-2019 ҳудуди 113 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд.
Ин баёния таъкид мекунад: Дар соли 2019 Далер Шарифов ба таври ғайриқонунӣ ва махфиёна рисолае ба шуморагони 100 нусхаро бар асоси ақидаҳои гурӯҳи мамнуаи Ихвонулмуслимин тадвин кард.
Ин дар ҳолест, ки Ҳерлем Дезир, намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО бо нашри як баёния аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархости озодии рӯзноманигори ҳабсшударо карда буд.
Ҳамчунин 8 созмони байналмиллалии мудофеи ҳуқуқи башарӣ бо маҳкум кардани боздошти Далер Шарифов хостори озодии вай шудаанд.
Вай солҳои қабл корманди расмии шабакаи телевизиони давлатии Сафина буд. Ӯ дар солҳои ахир ба тиҷорат машғул ва бо навиштани мақолоти интиқодӣ аз сиёсатҳои давлати Тоҷикистон дар маҳфилҳои рӯзноманигорӣ машҳур шуда буд.
Вай бештари матолиби худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир мекард.