Мамнуъ шудани мулоқоти зиндониён бо хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон
(last modified 2020-04-01T11:21:02+00:00 )
Апрел 01, 2020 16:21 Asia/Dushanbe
  • Мамнуъ шудани мулоқоти зиндониён бо хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон

Бо ҳадафи пешгирӣ аз корона дар Тоҷикистон, мулоқоти зиндониён бо хонаводаҳояшон мамнуъ шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс ,Мансурҷон Умаров - раиси идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт: То кунун дар Тоҷикистон ҳеҷ маврид аз ибтило ба бемории корона сабт нашудааст, аммо барои пешгирӣ бар асоси дастуруламали раисҷумҳур иқдомоти вежае аз 31март дар ин вазорат оғоз шудааст.

Вай афзуд: Илова бар иқдомоти пизишкӣ, омузишҳои беҳдоштӣ низ ба зиндониён дода мешавад.

 Раиси идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт :Ниқобакҳои пизишкӣ байни зиндониён тақсим ва ба пизишкони зиндонҳои саросари кишвар табсанҷ супурда шудааст. Ба гуфтаи Мансурҷон Умаров утоқҳои вежае ҳам дар ҳар боздоштгоҳи муваққатӣ сохта шуда, ки дар он ҳар муттаҳам 14 рӯз карантина мешавад.