Апрел 01, 2020 20:24 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 20 дарсадии тавлиди семент дар Тоҷикистон

Тавлиди семент дар Тоҷикистон 20 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба нақл аз Авесто, бар асоси эъломи бахши саноатии Тоҷикистон, аз ибтидои имсол ҳудуди 564 тонна семент дар кишвар тавлид шудааст, ин мизон ҳудуди  20 дарсад баробар бо 95 ҳазор тонна бештар аз январ то феврали 2019 аст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир 13 ширкати тавлиди семент бо зарфияти тавлиди 4 миллиону 700 ҳазор тонна семент дар Тоҷикистон фаол ҳастанд.

Тавлид ва содироти семент ҳар сол дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст, дар соли 2018, ширкатҳои тавлиди сементи Тоҷикистон 3 миллиону 844 ҳазор тонна семент тавлид карданд, ки ин рақам 23 дарсад бештар аз соли 2017 аст.

Дар соли  2019 ин мизон  4 миллион тонна семент буд, ки ҳудуди 400 ҳазор тонна бештар аз соли 2018 аст.

Соли гузашта мизони содироти семент ба хориҷ аз кишвар 1 миллиону 500 ҳазор тонна ба арзиши 68 миллион доллар будааст.

Соли гузашта, Тоҷикистон ба Узбакистон 980 ҳазор тонна, Афғонистон 576 ҳазор тонна ва Қирғизистон  80 ҳазор тонна семент содир кардааст.