Апрел 02, 2020 12:07 Asia/Dushanbe
  • Тавсиаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба Тоҷикистон

Намояндаи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфт ; бо вуҷуди сабт нашудани мубталоён ба вируси Корона дар ин кишвар. мардуми Тоҷикистон бояд масоили беҳдоштиро беш аз пеш риоят кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс,Галина Прафеева намояндаи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар гуфтугу бо телевезиони Тоҷикистон бо таъйиди иттилооти мақомоти зирабти тоҷик дар мавриди сабт нашудани вируси Корона дар ин кишвар гуфт; Тоҷикистон ва Туркманистон дар миёни 53 кишвари олудаи Осиё ба вируси Корона то ба ҳол дар онҳо ҳеҷ мавриди мубтало ба ин вирус сабт нашудааст.

Ба гуфтаи намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон то кунун 700 тести Корона дар Тоҷикистон анҷом шуда ,ки натоиҷи ҳамаи онҳо манфӣ будааст.

Намояндаи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ гуфт ; дар Тоҷикистон таҷҳизоти кофӣ барои ташхиси вируси Корона вуҷуд дорад аммо мутобиқ бо тавсиаи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ танҳо афроди бо алоими вируси Корона озмоиш мешаванд.

Барчасп