Оғози давраи омӯзишии саводи миллӣ дар Тоҷикистон
Апрел 02, 2020 13:50 Asia/Dushanbe
Бонки милии Тоҷикистон давраи омӯзишии саводи миллиро дар кишвар оғоз кард.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-плюс, ин давра аз якум то 30 апрел бо ҳамкории бонки милии Тоҷикистон ва Вазорати омӯзиш ва улум дар қолиби пуйиши байналмиллалии бозорёбии ҷаҳонӣ баргузор мешавад.
Ҳамчунин ширкати байналмиллалии умури молӣ, сандуқи пасандози Олмон, муассисаи ҷомеаи боз ва ширкати диҷитоли мегафони Тоҷикистон ҳам барои ташкили ин давраи омӯзишӣ талош карданд.
Пуйиши байналмиллалии бозорёбии ҷаҳонӣ як барномаи солонаи саводомӯзии байналмиллалӣ аст, ки бо ҳадафи омӯзиши кӯдакон ва навҷавонон барои чигунагии истифода аз пул, пасандозу маҳоратҳои корофаринӣ иҷро мешавад.