Апрел 03, 2020 18:22 Asia/Dushanbe
  • Лағви аввалин ҷашнвораи байналмилалии

Аввалин ҷашнвораи байналмилалии "Филми Душанбе" лағв шуд.

Ба гузориши “АКИ пресс”, муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо эъломи ин хабар гуфт, ин тасмим тавассути Кумитаи тадорукоти ин ҷашнвора ва бо ҳамоҳангӣ бо давлати Тоҷикистон, бо таваҷҷуҳ ба шуюъи вируси круно дар ҷаҳон гирифта шудааст.

Ҷашнвораи "Филми Душанбе" то тасбити вазъият ва барқарории иртиботи ҳавоӣ ва заминӣ байни кишварҳои ҷаҳон лағв шудааст.

То замони пазириши филмҳо барои ҷашнвораи байналмилалии "Филми Душанбе” беш аз 85 дархост аз 30 кишвари мухталифи ҷаҳон пешниҳод шудааст.

Ҳайати ин ҷашнвора қабл аз баргузор шудани он, исми филмҳоеро, ки барои мусобиқа пешбинӣ мешаванд, эълом хоҳад кард.

Замони дақиқи баргузории мусобиқаи филм баъдан аз тариқи расонаҳо эълом хоҳад шуд.

Ҷашнвораи байналмилалии "Филми Душанбе” ба ифтихори рӯзи Пойтахт ва тақвияти ҳамкории филмсозони Тоҷикистон ва ошноии мухотабони тоҷик бо дастовардҳои синамоии ҷаҳон, ҳар 2 сол як бор баргузор мешавад.