Эътои тасҳилот ба бахши хусусӣ: ҳадафи ислоҳи қонуни молиёт дар Тоҷикистон
Иқтисоддони тоҷик мӯътақид аст ҳадаф аз ислоҳи қонуни молиёт дар Тоҷикистон эътои тасҳилот ба фаъолони бахши хусусии ин кишвар мебошад.
Ба гузориш радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров бо ишора ба тасмими ҳукумати Тоҷикистон барои ислоҳи қонуни молиёти ин кишвар гуфтааст, ки бояд дар қонуни ҷадид теъдоди молиёти дарёфтӣ дар ин кишвар аз 10 номгӯй феълӣ ба 7 маврид коҳиш ёбад.
Вай мӯътақид аст яке аз далелҳои аслии фирори молиётӣ ва даст кашидан аз фаъолияти бахши хусусӣ, мизони молиёти сангин аст, ки дар пайи шикоятҳои зиёд, Эмомалӣ Раҳмон Раисҷумҳури Тоҷикистон дастури ислоҳи қонуни молиётро содир кард.
Ба ақидаи Умаров, агар дар Тоҷикистон воқеан муваффақ ба коҳиши мизони молиёти дарёфтӣ шаванд, ки дар ҳоли ҳозир 65 дар сад мебошад, ин барнома мӯҷиби афзоиши теъдоди молиётдиҳандагон ва дар ниҳоят ба нафъи иқтисоди ин кишвар хоҳад шуд.
Тоҷикистон аз нигоҳи мизони молиёти дарёфтӣ дар байни 10 кишвари нахусти ҷаҳон қарор дорад.