Дархости ҷомеаи мадании Тоҷикистон барои баррасӣ ва ислоҳи қонуни молиёти кишвар
(last modified Sat, 04 Apr 2020 10:19:39 GMT )
Апрел 04, 2020 15:19 Asia/Dushanbe
  • Дархости ҷомеаи мадании Тоҷикистон барои баррасӣ ва ислоҳи қонуни молиёти кишвар

Ҷомеаи мадании Тоҷикистон дар номае аз мақомоти Вазорати молиёти ин кишвар хостанд пешнависи қонуни молиётро барои баррасӣ ироа диҳанд

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник,ин номаро масъулони созмонҳои мадании "Анҷумани  вукалои Помирс" ,"дафтари ҳуқуқи башар ва қонун" , созмонҳои ғайридавлатии " Зарколу" , анҷуман милли машоғили кучак ва мутавассити Тоҷикистон , "маркази мустақили ҳимоят аз ҳуқуқи башар" , анҷумани умумии  "дафтари озодиҳои маданӣ" , анҷумани умумии "қонун ва шукуфоӣ" , анҷумани умумии "маркази фановарии иттилоот ва иртиботот" , анҷумани умумии "марказии ҳуқуқи башар" имзо карданд. 
 
Қонуни феълии молиёти Тоҷикистон шаш сол пеш аз якуми январи соли  2013 иҷро шуд.  вале дар моҳи майисоли гузашта , Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳадафи дар назар гирифтани манофеи тоҷирон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ дастури ислоҳи қонуни феълиро содир кард.