Апрел 06, 2020 14:26 Asia/Dushanbe
  •  Ёздаҳ табиб ва ҳамшираҳои шафқат дар бемористони Хуҷанд қарантина шуданд

Дар пайи фавти бемори 60 солае, ки чанде пеш бо алоими сармохурдагии шадид дар бемористони ноҳияи Ҷаббор Расулов бистарӣ шуда буд, 11 пизишк ва парастори ин маркази дармонӣ ба бемористони шаҳри Хуҷанд мунтақил ва қарантина шуданд.

Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ. қарантинаи ин пизишкон ва парасторон дар ҳоле сурат мегирад, ки гуфта мешавад пизишкони бемористони ноҳияи Ҷаббор Расулов иллати бистарӣ шудани ин фардро сармохурдагӣ ва таби боло эълом карда буданд.

Ҳамчунин 13 нафар аз аъзои хонавода ва афроде, ки бо у тамос доштаанд, таҳти қарантинаи шадид қарор гирифтаанд.

Манобеи хабарӣ мустақил эълом кардаанд,ки вуруд ба бемористони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба муддати 14 рӯз мамнӯъ шудааст, тамоми кормандони ин бемористон қарантина шудаанд ва вуруд ба ин маркази дармонӣ танҳо бо иҷозати полис имконпазир аст.

Соате пеш аз интишори ин хабар мақомоти беҳдоштӣ ва пизишкии Хуҷанд дар нишасти хабарӣ эълом карданд, ки иллати марги ин бемори 60 сола ибтило ба пневмония будааст ва ин мавзӯ иртиботе ба коронавирус надорад ва қарантинаи пизишкон ва бемористон ҷанбаи эҳтиёт ва пешгирона дорад.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегуянд, ки то рӯзи якшанбе 5 апрел ҳеҷ мавриде аз вируси корона дар ин кишвар сабт нашудааст.