Нигаронии додситони кулли Тоҷикистон аз афзоиши худкушӣ дар миёни ҷавонон
Додситони кулли Тоҷикистон аз афзоиши омори худкушии навҷавонон ва ҷавонони ин кишвар дар соли 2019 ибрози нигаронӣ кард.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Юсуф Раҳмон гуфтааст, ки дар соли 2019 дар Тоҷикистон 632 мавриди худкушии афрод сабт шуда, ки ин шохис дар соли 2018 581 маврид будааст. Вай афзуд, аз ин теъдод 104 нафар афроди ноболиғ ва 170 тан низ ҷавононе бо синни 18 то 25-сола будаанд.
Бештарин худкушиҳо дар соли 2019 дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба унвони бузургтарин манотиқи Тоҷикистон рӯй додаанд. Ҳамчунин дар Вилояти Кӯҳистони Бадахшон омори худкушӣ дар соли 2019 дар муқоиса бо соли 2018 афзоиши чаҳор то шашбаробариро нишон медиҳад.
Ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон, тасвиби барномаи чаҳорсолаи ҷилавгирӣ аз худкушӣ дар ин кишвар дар солҳои 2019 то 2023 заминаи фаъолиятҳои мухталифи иҷтимоиро барои коҳиши ин падида фароҳам хоҳад кард, ки он ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи маданӣ, волидайни ҷавонон ва муассисоти фарҳангиро металабад.