Мувофиқати Қазоқистон бо идомаи содироти гандум ва орд ба Тоҷикистон
Апрел 08, 2020 11:22 Asia/Dushanbe
Нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамтои қазоқистониаш дар гуфтугӯи телефонӣ дар бораи идомаи содироти гандум ва орд ба Тоҷикистон тавофуқ карданд.
Ба нақл аз Спутник, дар гуфтугӯи телефонии Қоҳир Расулзода бо ҳамтои қазоқаш Аскар Мӯъмин, ду тараф тавофуқ карданд, ки Тоҷикистон дар изои воридоти орд ва гандум, ба Қазоқистон пиёз содир кунад.
Пеш аз ин ва дар паи хурӯҷи коронавирус, Қазоқистон барои таъмини ниёзҳои дохилиаш то 15 апрел содироти орд, гандум, картошка, равғани офтобпараст ва шакар ба кишварҳои мухталифро мамнӯъ карда буд.
Барчасп