Барномарезии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон барои тасҳили бозгашти тоҷикон аз дигар кишварҳо
(last modified Wed, 08 Apr 2020 09:35:32 GMT )
Апрел 08, 2020 14:35 Asia/Dushanbe
  • Барномарезии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон барои тасҳили бозгашти тоҷикон аз дигар кишварҳо

Вазири умури хориҷа, сафирон ва намояндагони дипломатии Тоҷикистон роҳкорҳои ҳалли мушкилоти тоҷиконеро, ки дар паи хурӯҷи коронавирус ва баста шудани марзҳо дар кишварҳои дигар гирифтор шудаанд, баррасӣ карданд.

Ин ҷаласа, ки ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, ширкаткунандагон дар бораи осори иқтисодӣ ва иҷтимоии бемории ҳамагири коронавирус бар Тоҷикистон баҳс ва табодули назар карданд.

Аз ҷузъиёти тасмимоти ин ҷаласа хабаре мунташир нашудааст.

Субҳи имрӯз ҳавопаймои "Сомон Эйр" бо парвоз аз Душанбе ба мақсади Мюнхени Олмон, шаҳрвандони аврупоиро аз Тоҷикистон хориҷ кард.