Апрел 08, 2020 15:24 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ба Италия моск содир мекунад

Тоҷикистон 11 миллион моски пизишкӣ ба Италия содир мекунад.

Тоҷикистон ба далели шуюъи коронавирус дар Италия, дар назар дорад 11 миллион моски пизишкӣ ба ин кишвари аврупоӣ содир кунад.

Ин иқдом дар чорчӯби тавофуқномаи имзошуда байни ширкати тавлидии “Ҷавон”-и шаҳри Хуҷанд бо ширкатҳои италияӣ анҷом мешавад.

Ба гуфтаи раиси бахши саноеъи сабуки Вазорати санъат ва фанновариҳои навини Ҷумҳурии Тоҷикистон, акнун ширкати санъатии “Ҷавон” рӯзона 20 то 25 ҳазор моски пизишкӣ аз порчаи пахтагӣ тавлид мекунад.

Ширкати санъатии “Ҷавон” аз соли 1994 дар ҳавзаи фароварии пахта фаъол аст.

 Ин ширкат маҳсулоти худро барои Италия бо номи тиҷории “Курйер” тавлид мекунад.

Лозим ба зикр аст, ки қаблан 95 дарсади пӯшоки тавлидии ин ширкат ба Италия содир мешуд.