Ҷаласаи ҳайати мудираи додситонии минтақаи Суғд
(last modified Wed, 08 Apr 2020 17:19:42 GMT )
Апрел 08, 2020 22:19 Asia/Dushanbe
  •  Ҷаласаи ҳайати мудираи додситонии минтақаи Суғд

 Ҷаласаи ҳайати мудираи додситонии минтақаи Суғд дар Хуҷанд баргузор шуд.

Ба гузориши “Азия плюс”, ин ҷаласа ба раёсати додситони Суғд Ҳабибуллоҳ Воҳидов баргузор шуд.

Додситони минтақа дар суханоне гуфт, дар 3 моҳаи аввали соли 2020 додситонӣ фақат 2 ҳазору 592 дархости таҷдиди назарро дарёфт кардааст, ки 756 мавриди он ба таври мустақим аз сӯи додситонҳо баррасӣ шудааст.

Вай афзуд, 70 тасмими ғайриқонунии мақомот лағв шуд, 39 нафар ба додгоҳи ҷароими идорӣ муаррифӣ шуданд ва 8 парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

Вай хотирнишон кард, талоши додситонӣ боиси бозгашти 72.2 миллион сомонӣ ба сандуқи давлат ва молбохтагон будааст.

Додситон таъкид кард, назорат барои муқобила бо заминхорӣ бештар шуд ва дар натиҷаи бозрасиҳо 48 парвандаи қазоӣ ташкил шудааст ва 4072 гектар аз тасарруфи ғайрқонунии заминҳо ботил шуд.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки барои итминон аз риояти дастуроти давлат, вазъияти иҷрои қонуни беҳдошт аз наздик баррасӣ мешавад.