Афзоиши ҷаримаҳо барои қонуншикании ронандаҳо дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52517-Афзоиши_ҷаримаҳо_барои_қонуншикании_ронандаҳо_дар_Тоҷикистон
Ҷаримаҳои қонуншикании ронандаҳо дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 09, 2020 06:25 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҷаримаҳо барои қонуншикании ронандаҳо дар Тоҷикистон

Ҷаримаҳои қонуншикании ронандаҳо дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.

Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории давлати Ховар , сардори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи раёсати БДА-и  Тоҷикистон подполковник Акбар Қурбонзода бо ишора ба афзоиши шикоятҳои идороти оташнишонӣ ва хадамоти беҳдоштӣ аз зиёд шудани мавориди эҷоди музоҳимат дар масири ҳаракати мошинҳои ин созмонҳо гуфт: барои пешгирӣ аз ин иқдоми бархе ронандагон ҷаримаи қонуншиканӣ  аз 150 то 300 сомонӣ афзоиш ёфт.

Вай гуфт: бар асоси муқарароти полиси роҳнамоӣ ва ронандагии Тоҷикистон мошинҳои ҳамли бемор ва оташнишонӣ аз ҳақи ҳаракат бидуни вақфа барои расидан ба мавқеъ ба маҳалли ҳодиса  барои кумак ба беморон ва маҳори оташсӯзӣ бархурдоранд, ки дар сурати мамониат дар масири онҳо ронандагони қонуншикан ҷарима мешаванд.

 

Мудири шӯъбаи равобити ҷамъиятии БДА-и Тоҷикистон илова намуд: "Аз аввали соли ҷорӣ 38 ҳолати дуздӣ ва тамаъҷӯӣ дар соҳаи ҳаракат ошкор шудааст."