Эътои нишони вижа ба иштирокчии тоҷики Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52521-Эътои_нишони_вижа_ба_иштирокчии_тоҷики_Ҷанги_Дуюми_Ҷаҳонӣ
Ба маҷрӯҳи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар вилояти Суғд нишони махсус тақдим карда шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 09, 2020 08:14 Asia/Dushanbe
  • Эътои нишони вижа ба иштирокчии тоҷики Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ

Ба маҷрӯҳи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар вилояти Суғд нишони махсус тақдим карда шуд.

Бино ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Собирҷон Бобокалонови 95 сола сокини Ҷамоати деҳоти Ашт, ки дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ маҷрӯҳ шудааст, ба муносибати  ҷашни 75-солагии иди Ғалаба соҳиби ин ҷоиза шуд. 

Ин ҷоизаро консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд Варламов Андрей Николаевич, роҳбари маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд Иван Иванов ба ин сарбози кӯҳна тақдим кард.

Дар соли 1945, Боболонов дар Қувваҳои ҳавоии Шӯравӣ хидмат карда, дар амалиёт оид ба озод кардани шаҳрҳои Чехословакия аз истилогарони фашистии Германия ширкат дошт.